23:03, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Тоҷик Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Пекин оғоз менамояд

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр»

аз санаи 27-уми феврал ба иҷрои хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе шурӯъ менамояд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад. Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40, тариқи ҳавопаймои бароҳати «Боинг 757 – 200» сурат мегиранд ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона до вақти Пекин анҷом меёбанд. Вақти расидан ба Душанбе – 07:10. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин – 5 соат 30 дақиқа. Давомнокии парвози хатсайри Пекин – Душанбе – 6 соат 40 дақиқа. Арзиши чипта дар ду самт – 1 748 сомонӣ.