16:10, 25 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Майкрасофт» роботчаҳоеро ихтироъ намуд, ки метавонад хомӯшакҳои паҳнкунандаи вирусро нобуд кунад

Ширкати «Майкрасофт» роботчаҳоеро ихтироъ намуд, ки

он метавонад хомӯшаку магасҳои паҳнкунандаи вирусро несту нобуд кунад. Ин ба олимон имкон медиҳад, ки аз паҳншавии ҳар гуна вирусҳои марговар пешгирӣ намоянд. Натиҷаи истифодаи чунин роботҳо аллакай дар конфронси илмие, ки дар Донишгоҳи Бостон багузор гардид, интишор карда шуд. Робот бо номи «Project Premonition» имкон дорад хомӯшакҳои дорои вирусро муайян намуда, ба нест кардани он оғоз намояд. Ин ба олимон имкон медиҳад, ки дар куҷо будани вирусро муайян ва барои паҳн нашудани он чораҳо андешанд. Айни замон мутахасисон бештар кӯшиш доранд, ки вируси Зика ва табларзаи Нили ғарбиро муайян кунанд то ки сокинону табибонро аз ба амал омадани эпидемияи навбатӣ огоҳ кунанд. Роҳбарияти ширкати Майкрасофт изҳор медоранд, ки дар ояндаи наздик роботҳоеро ихтироъ хоҳанд кард, ки он паровзкунанда буда, аз болои шаҳру вилотяҳо парвоз анҷом медиҳад, то ки вирус ва дигар бемориҳоро муайян намояд.