20:28, 31 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Чин фаъолияти 500 нақби куҳнаи ангишт қатъ карда мешавад

Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша доранд, ки

соли 2017 дар қаламрави кишвар фаъолияти 500 нақби куҳнаи ангиштро қатъ намоянд. Дар ин бора аз Вазорати энергетикаи ин кишвар хабар доданд. Тавре дар гузориши ин ниҳод омадааст, дар нақбҳое, ки барои идомаи фаъолият иҷозатнома дастрас карда наметавонанд, бехатарии кормандон кафолат дода намешавад ва ҳар лаҳза эҳтимоли сар задани садамаҳои гуногун дар онҳо вуҷуд дорад. Дар сурати бастани фаъолияти нақбҳои мазкур истеҳсоли ангишт дар ин кишвар дар як сол то 50 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт. Қаблан ҳукуматдорон дар хусуси гузаронидани ислоҳот дар соҳаи саноат гузориш дода буданд. Ҳамин тариқ, роҳбари кумита оид ба ислоҳот ва рушд Сюй Шаоши қайд намуда буд, ки дар 5 соли оянда Чин истеҳсоли пулодро то 100-150 ва ангиштро бошад, то 500 миллион тонна коҳиш медиҳад. Соҳаи канданиҳои фоиданок дар Чин яке аз хатарноктарин бахшҳои фаъолият ба шумор меравад. Зеро ҳамасола дар ин кишвар дар пайи садамаҳои гуногун ҳазорҳо нақбкан ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат мерасанд. Вобаста ба чунин ҳодисаҳо, ки ба марги нафарони зиёд сабаб мегардад, ҳукуматдорон солҳои охир бехатарии кӯҳканонро таъмин намуда истодаанд.