23:02, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазорати мудофиаи аз болои ширкати «Эйрбас» шикоят мекунад

Намояндагони Вазорати мудофиаи Австрия изҳор медоранд, ки

аз болои ширкати калонтарини истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳо «Эйрбас»-и Аврупо ба додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Дар гузориши ин ниҳоди қудратӣ омадааст, ки эҳтимол ҳангоми харидорӣ шудани ҳавопаймоҳои зарбазани навъи «Eurofighter» ришвахорӣ сурат гирифта бошад. Намояндаи воломақоми Вазорати мудофиа Михаэл Бауэр изҳор медорад, ки аз рӯйи ширкати ҳавопаймоии Эйрбас ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Бауэр гуфтааст, ки натиҷаи тафтишоти ҳукуматӣ оид ба харидорӣ шудани 15 адад тайёраҳои ҳарбӣ дар соли 2003-юм дар ҳаҷми 1,7 миллиард евро рӯзҳои наздик интишор хоҳад шуд. Дар сурати исбот шудани ҳолатҳои ришваситонӣ ширкати мазкурро ҷаримаҳои зиёд интизор аст.