21:14, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷанфранко Фини ба тамаъҷӯйӣ муттаҳам мешавад

Собиқ вазири корҳои хориҷии Италия - Ҷанфранко Фини

вобаста ба парвандаи ҳодисаи тамаъҷӯйӣ мавриди пурсиши кормандони мақомоти қудратии кишвар қарор гирифт. Хадамоти молии Италия аз ҳамсари ӯ ва ду узви оилааш коғазҳои қимматнокро дар ҳаҷми 5 миллион евро мусодира намуданд. Онҳо дар поймол кардани се моддаи Кодекси ҷиноии ин кишвар, аз ҷумла тамаъҷӯйӣ ва ғайриқонунӣ ба даст овардани даромади молӣ айбдор ҳисобида мешаванд. Ҷиноятҳои мазкур соли 2008-ум содир карда шудаанд. Дар доираи ин парванда кормандони мақомоти қудратӣ ба Фини огоҳинома дода, дар хусуси оғози тафтишот ӯро дар ҷараён гузоштаанд. Ҷанфранко Фини солҳои 2004-2006 дар ҳукумати Силвио Берлускони ба ҳайси вазири корҳои хориҷӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2008 то 2013-ум номбурда роҳбарии палатаи поёнии парлумонро, ки аз ҷиҳати нуфуз дар ин кишвар сеюмин ба ҳисоб мерафт, бар дӯш доштааст.