00:08, 12 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ширкати «Роллс Ройс» дар хусуси хисороти зиёди молӣ иттилоъ дод

Ширкати «Роллс Ройс»-и Британияи Кабир, ки ба истеҳсоли

муҳаррики ҳавопаймо ва таҷҳизоти энергетикӣ машғул аст, дар хусуси хисороти зиёди молӣ иттилоъ дод. Дар гузориши навбатии намояндагони ширкати мазкур омадааст, ки соли 2016-ум «Роллс Ройс» 4,6 миллиард фунт стерлинг баробар ба 5,7 миллиард доллар зарари молӣ дидааст. Чунин зарари зиёди молӣ бесобиқа буда, онро хисороти рекордии молӣ унвон кардаанд. Пас аз коҳиш ёфтани арзиши қурби асъори Британияи Кабир дар пайи хориҷ шудани кишвар аз узвияти Иттиҳоди Аврупо, ширкати мазкур миллиардҳо доллар зарар дид. Зеро бештари шартномаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи ҳавонавардӣ бо доллар имзо карда мешуд. Дар натиҷаи тағйир ёфтани қурби асъор ба ширкати «Роллс Ройс» 4,4 миллиард фунт стерлинг хисорот ворид шудааст. Дар баробари ин калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи муҳаррики ҳавопаймо дар Аврупоро барои даст доштанаш дар ришваситонӣ айбдор карданд. Роҳбарияти ширкатро дар он айбдор мекунанд, ки барои ба даст овардани шартномаи истеҳсоли муҳаррики ҳавопаймо дар 12 кишвари ҷаҳон ришва пешниҳод намудааст. Соли 2016-ум ширкати мазкур розигӣ дод, то барои рафъи моҷарои бархоста ба ҳукуматдорони Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми 671 миллион фунт стерлинг, баробар ба 838 милион доллар ҷарима пардохт мекунад. Роҳбарияти «Роллс Ройс» иқрор омад, ки барои дастрас кардани шартнома бо шасхони давлатии масъули соҳаи энергетикаи кишварҳои Индонезия, Таиланд, Ҳиндустон, Россия, Нигерия, Хитой ва Малайзия маблағи муайян пешниҳод кардааст. Ҳанӯз аз соли 2012-ум фаъолияти ширкати мазкур зери шубҳа қарор гирифта буд.