15:29, 21 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи риштаи Истанбул

Шаш корхонаи ресандагии Тоҷикистон, назири «Ваҳдат Текстил», «Ноҳид»,

«Олим Текстайл», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Файзи Истиқлол 2011» ва «ХИМА Текстил» дар намоишгоҳи байналмилалии ришта, ки аз 2 то 5 феврал дар Истанбул доир мегардад, иштирок менамоянд. Ширкати «Ноҳид» ба намоишгоҳ барои дарёфти манбаи нави ашёи хом меравад, панҷ корхонаи дигар маҳсулоти худро ба харидорони эҳтимолӣ пешниҳод мекунанд. Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Истанбул ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул беш аз 8000 боздидкунанда аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳи Истанбул, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шинохта шудааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва маҳсулоти нассоҷиро ба намоиш мегузоранд. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки «намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пешрафтаи маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда ва тоҷирон тамос барқарор кунанд, бо талаботи бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шаванд». Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Истанбул ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.