02:03, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Даромади ширкати «Эйзи Ҷет» коҳиш ёфт

Даромади молии ширкати буҷавии ҳавопаймоии «Эйзи Ҷет»

дар соли гузашта коҳиш ёфт. Ҳарчанд мутахассисони ширкат нақша тартиб доданд, ки бояд соли 2016 даромади зиёди молӣ мешуд, вале ин нақшаи онҳо амалӣ нагашт. Сабаби поён рафтани даромади ширкати ҳавопаймоии «Эйзи Ҷет» ин коҳиш ёфтани қурби фунт стерлинг ва боло рафтани арзиши сӯзишворӣ гуфта мешавад. Дар натиҷа нархи саҳмияҳои он то 8 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамин тариқ даромади ширкат дар соли гузашта то 105 миллион фунт стерлинг поён рафт. Мутахассисон интизор доштанд, ки танҳо то 90 миллион фунт стерлинг зарари молӣ мебинанду халос. Дар гузориши солонаи намояндагони ширкат омадааст, ки соли гузашта даромади «Эйзи Ҷет» аз се як ҳисса поён рафт. Омили дигари коҳиш ёфтани даромади молиро намояндагони ширкат дар кам шудани воридшавии сайёҳон мебинанд.