08:45, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллӣ

Зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон

дар соли 2016-ум масъулин баён доштанд, ки бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2016-ум рушди воқеии иқтисодиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 6,9 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 54,5 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар натиҷаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон андешидани маҷмӯи тадбирҳои зарурӣ сатҳи муътадили нархҳо дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 6,1 фисадро ташкил дод. Таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016 дар сатҳи 7,0 дарсад пешбинӣ гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Гуфта шуд, ки ҷиҳати таъмини идоракунии самараноки пардохтпазирӣ ва коҳиш додани хавфҳои қурбӣ, фишанги меъёри бозтамвил аз 8 то 11дарсад зиёд карда шуд, ки баҳри дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмӣ бетаъғйир нигоҳ дошта шуд, ки бо пули миллӣ 1,5 фисад ва бо асъори хориҷӣ 7 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Баён гардид, ки қурби мубодилавии сомонӣ дар ин давра дар доираи реҷаи низоми шинокунандаи танзимшаванда, таҳти таъсири омилҳои мутавозуни талабот ва пешниҳод қарор дорад. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ аз аввали сол то санаи 31-уми декабри соли 2016-ум 10,8 фисад коҳиш ёфт, ки аз он 10,3 дарсад ба моҳи январ, 0,3 фоиз ба моҳи феврал ва 0,2 фоиз ба моҳҳои март то декабр рост меояд. Таъкид шуд, ки ба санаи 31-уми декабри соли 2016 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 104 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 14 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, дар давраи ҳисоботӣ 437 ададро ташкил дода, аз ин миқдор 84 филиал ба ташкилоти маблағгузории хурд рост меояд. Дороиҳои умумии ташкилоти қарзӣ дар поёнии соли ҳисоботӣ 21,2 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 13,6 фоиз афзоиш ёфтанд.