06:35, 07 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид

Соли 2016-ум аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбат ба фаъолияти

1883 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, беш аз 1 миллиарду 76 миллион сомонӣ кам ҳисобидашуда ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, 638,7 миллион ба буҷет ворид карда шудааст. Ба иттилои масълин ин нишондод нисбат ба соли 2015-ум аз ҳисоби санҷишҳо ба буҷети давлатӣ воридшуда 211 миллион сомонӣ бештар мебошад. Масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки соли гузашта нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ беназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101 дарсад таъмин гардидааст. Иброз шуд, ки нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 89,1 фисад таъмин карда шуд ва ба ҷойи 1 миллиарду 550 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 381 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Масъулин сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетиро дар соли 2016-ум ба таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ марбут донистанд. Дар соли 2016-ум дар натиҷаи санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 24 хазору 600 ҳолати ҳуқуквайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Тавре зикр рафт, нисбат ба онҳо дар ҳаҷми 307 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 170,2 миллион сомонӣ ворид гардидааст.