02:45, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Кумитаи меъморӣ: беш аз 1 млн метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ баҳрабардорӣ шуд

Масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

иттилоъ доданд, ки соли 2016-ум инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 11 миллиарду 74 миллиону 773 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Таъкид шуд, ки дар ин муддат ба масоҳати умумии 1 миллиону 170 ҳазору 277 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Зикр рафт, ки соли 2016-ум фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 968 миллиону 821 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 8 миллиарду 139 миллиону 564 ҳазор сомониро ташкил додааст. Иброз шуд, ки дар 12 моҳи гузашта пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016-ум ба маблағи 27 миллиону 590 ҳазор сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯйию тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Ба иттилои масъулини кумитаи мазкур дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 9 ҳазору 146 ҷой, муассисаҳои томактабӣ барои 1089 ҷой, беморхона барои 745 кат ва дармонгоҳ барои 1 ҳазору 231 нафар дар як баст ба истифода дода шудааст.