04:39, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар соли 2016, 4 644 ҳолати қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шуд

Соли 2016 маблағи вориднамудаи пардохтҳои гумрукӣ

нисбат ба нақшаи пешбинигардида, ба андозаи беш аз 407 миллион сомонӣ ё худ 9,6 дарсад камтар иҷро шудааст, иброз доштанд, масъулини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон. Омили аслии кам иҷро шудани нақшаи бамиёнгузошташуда, коҳишёбии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуд. Аз ҷумла мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи гумрукчиёни мамлакат, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 396,7 миллион доллари амрикоӣ камтар сурат гирифтааст. Пардохтҳои гумрукии аз ин ҳисоб ба адстомада бошад, ба ҳисоби миёна ба беш аз 757 миллион сомонӣ баробар будааст. Бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои мавҷуда, мақомоти гумрук дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор додани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, гузаронидани муоинаи гумрукии моли воридгардида, дуруст муайян намудани рамзи мол, ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоннок кардани назорати баъди барасмиятдарории гумрукиро пурзӯр намуда, чораҳои муассир андешида истодааст. Дар давраи соли 2016 аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, 4 ҳазору 644 ҳолати қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки 61 ададаш ҷиноят буда, аз он 30 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 4 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошад.