02:45, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Булғористон 20 нафар бо гумони ришваситонӣ дастгир шуданд

Дар Булғористон кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона

20 нафар корманди Хадамоти гумрукро бо гуноҳи ришваситонӣ дастгир намуданд. Амалиёт дар дидбонгоҳи гумруки «Варна-Запад» гузаронида шуд. Тибқи маълумот кормандони Хадамоти гумруки баҳрии «Варна», ки дар ин ҷо бандари калонтарини кишвар воқеъ аст, барои ба расмият даровардани контейнерҳои ғайриқонунӣ ришва талаб мекардаанд. Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар манзили зисти боздоштшудагон кофтукоб гузарониданд. Тафтишот дар ин самт идома дошта, боздоштшудагон мавриди пурсиш қарор доранд.