09:53, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Арзиши саҳмияҳои «Fiat Chrysler Automobiles» 18% коҳиш ёфт

Арзиши саҳмияҳои ширкати автомобилбарории «Fiat Chrysler Automobiles»

то 18 дарсад коҳиш ёфт. Ин поёнравӣ баъди он сурат гирифт, ки намояндагони агентӣ оид ба ҳифзи муҳити зисти ИМА дар гузориши роҳбарияти ширкат доир ба нишондоди ихроҷи дуди автомобилҳо маълумоти бардурӯғро пайдо карданд. Тибқи маълумоти намояндагони агентӣ роҳбарияти ширкати «Fiat Chrysler Automobiles» ҷиддӣ меъёрҳои экологиро вайрон намудааст. Аз рӯйи иттилои расида, Fiat Chrysler дар автомобилҳои худ ғайриқонунӣ барномаҳоеро насб намуд, ки он хориҷ шудани дуди ғализро аз ҳолати будааш чанд маротиба камтар нишон медод. Ҳамин тариқ, барномаи мазкур хориҷшавии дуди мошинро сад ҳазор маротиба камтар нишон додааст. Чунин барнома дар автомобилҳои дорои муҳаррики дизелӣ насб шуда, аз соли 2014 инҷониб дар ИМА фурӯхта шудаанд. Барномаи мазкур, аз ҷумла дар мошинҳои намуди «Jeep Grand Cherokee» ва «Ram» насб гардидаанд. Роҳбарияти ширкати мазкур ин ҳама айбномаҳоро рад мекунад.