20:55, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи корхонаи хурди дӯзандагӣ дар ноҳияи Сино

Дар ноҳияи Сино боз як корхонаи хурди дӯзандагӣ дари худро

барои бонувони ин ноҳия боз намуд. Дар кушодашавии ин корхона муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, муовини раиси Ҳизби Ҳалқи Демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Корхона аз ҳуҷраҳои кории барҳаво ва бо тамоми ҷиҳози корӣ муҷаҳҳаз иборат буда, дар ин ҷо занону духтарон имкон доранд нозукиҳои касби дӯзандагиро аз худ намоянд. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, мутасаддиёни ин корхона иброз доштанд, ки дар оянда ният доранд бо дастгирии шарикони корӣ барои аз 30 то 60 нафар ҷойи кор ташкил намоянд. Аз ҷониби Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тарзи ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ хуш пазируфта шуда, иброз доштанд, ки ҳамкориро бо ин корхона дар доираи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ба ҳам наздик ба роҳ монда, бонувони ин корхонаро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳанд намуд.