14:32, 20 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«ЮНИСЕФ»: Марги кӯдакон аз сардиҳои шадиди Сурия

Сардии ҳаво дар Сурия ҳаёти гурезагони дохилии мамлакатро мушкилтар гардонидааст.

Бино ба маълумоти созмони байналмилалӣ оид ба масъалаи кӯдакон «ЮНИСЕФ» давоми чанд ҳафтаи охир бар асари сардӣ 15 кӯдак дар бошишгоҳи гурезагони Рукбан фавтид. Ин бошишгоҳ дар наздикии сарҳади Урдун ҷойгир мебошад. Аксарияти оилаҳои фирорӣ дар хаймаҳо зиндагонӣ мекунанд. Феълан дар бошишгоҳи Рукбан 45 ҳазор нафар, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд, қарор доранд. Аксари бошандагони бошишгоҳ муддати чанд моҳ боз аз дастрасии доимии маводи ғизоӣ ва доруворӣ маҳрум мебошанд. Чунин сардӣ дар бошишгоҳҳои Лубнон низ ба мушоҳида мерасад. Дар натиҷаи боришоти шадиди барф садҳо хаймаи гурезагон хароб гардид.