19:08, 31 Марти 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: шаҳрвандони тоҷик дар Россия бояд дар давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад,

ки имсол дар Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол баргузор мегардад. Бинобар ин аз 25 май то 25 июли соли равон шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Саранск ва Сочии Федератсияи Россия барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бинобар ин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба шаҳрҳои мазкури Федератсияи Россия то саршавии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, яъне то 25 майи соли равон бақайгузорӣ дар ҷойи зистро анҷом диҳанд. Бе зарурат аз воридшавӣ ба ин шаҳрҳои Федератсияи Россия дар давраи зикршуда худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд аз ҷониби мақомоти дахлдор сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ нисбат ба онҳо гарданд. Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо телефонҳои зерин тамос гиранд: Хадамоти муҳоҷират – 225-05-81; 225-07-19; Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 44640-19-51; 44640-91-99.