10:51, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мексика: ҷасад ба ҷойи ҳосил дар замини киштзор

Дар қисми шимолу шарқии иёлати Найяритеи Мексика зимни амалиёт

намояндагони мақомоти қудратӣ аз майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ оромгоҳи умумиро дарёфт намуда, аз дохили он 32 ҷасадро берун оварданд. Бо мақсади муайян кардани шахсияти фавтидагон ҷасадҳо ба озмоишгоҳ таҳвил дода шуданд. Ба ақидаи намояндагони сарчашмаҳои муътамад, иёлати Найярите бо иёлатҳои Синалоа ва Халиско ҳамсарҳад буда, дар ин минтақаҳо гурӯҳҳои қочоқбарони маводи мухаддир хеле фаъоланд. Мувофиқи омор соли гузашта дар иёлати Найярите 117 ҳодисаи қатли ғаразноки инсон ба қайд гирифта шуд. Танҳо моҳи декабри соли 2016- ум дар ҳудуди Мексика 200 ҳазор ҳодисаи қатли ғаразнок рух додааст