11:54, 31 Марти 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 28.02.2017

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

28-уми феврал дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 25 то 30 дараҷа ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо рӯзона борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо рӯзона борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.