11:16, 31 Марти 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ким Чен Нам дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидааст

Ким Чен Нам, ки бародари роҳбари Кореяи Шимолӣ - Ким Чен Ин мебошад,

пас аз 15-20 дақиқаи заҳролудшавӣ аз маҳлули махсуси заҳрнок ба ҳалокат расидааст. Намояндагони Вазорати тандурустии Малайзия пас аз ташхиси ҷасади номбурда ба чунин хулоса омаданд. Дар робита ба марги Ким Чен Нам 4 нафар боздошт гардидааст. Инҳо шаҳрвандони Ветнам, Индонезия, Малайзия ва Кореяи Шимолӣ мебошанд. Чор тан аз гумонбарони дигар, ки онҳо низ шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ гуфта мешаванд, дар рӯзи ҳодиса Куала-Лумпурро тарк намуданд. 14-уми феврал Ким Чен Нам дар фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур худро бад эҳсос кард. Номбурда ба кумак муроҷиат карда, таъкид дошт, ки афроди номаълум ба рӯяш маҳлулеро партоб ва фирор намудаанд. Наздикони Ким Чен Нам барои таҳвили ҷасади ӯ то ҳол ба Малайзия наомадаанд.