15:28, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 10.02.2017

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

10-уми феврал дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 20 то 25 дараҷа хунук ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯйӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 дараҷа хунук то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа хунук ва рӯзона аз 11 то 13 дараҷа гарм мешавад.