11:05, 27 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Вазъи ҳавои кишвар барои 09.02.2017

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

9-уми феврал дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда асосан бебориш пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 13 то 18 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 27 то 32 дараҷа хунук ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда асосан бебориш пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 4 то 9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона 6 то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа ва рӯзона то 5 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво тағйирёбанда асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 11 дараҷа гарм мешавад.