05:22, 24 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Вазъи ҳавои кишвар барои 02.02.2017

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

2-юми феврал дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 12 то 17 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад ва шабона дар баландиҳои 2 ҳазор метр бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Шабона дар водиҳо аз 1 то 6 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо аз 12 то 17 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз то 5 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои абрнок шуда, шабона бебориш ва рӯзона борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.