12:21, 17 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 28.01.2017

Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

28-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар ғарби вилоят бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 16 то 21 ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Шабона дар водиҳо аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония вазида, шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои абрнок ва бориши борон дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо бориши борон шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 3 то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.