20:07, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бразилия: аз бемории табларзаи «Зард» 40 кас фавтид

Дар Бразилия аз бемории табларзаи «Зард» наздики 40 нафар ба ҳалокат расид.

Маризии мазкур аз соли 2000-ум инҷониб дар ин кишвар пайваста хуруҷ мекунад. Тибқи маълумоти табибон ба ин маризӣ 70 нафари дигар сироят ёфтааст. Аксари фавтидагон сокинони штати Минас-Жерайс мебошанд. Чанде қабл ҳукуматдорон дар робита ба паҳншавии беморӣ вазъи фавқулода эълон карда буданд. Барангезандаи беморӣ хомӯшакҳо мебошанд. Нишонаҳои маризӣ таби баланд, дарди сар, дарди гурдаҳо, дилбеҳузурӣ ва дарди миён мебошад. Ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор кас ба ин маризӣ мубтало мешаванд, ки 30 ҳазор каси онҳо мефавтанд. Бемории табларзаи Зард дар кишварҳои иқлимашон гарм, аз ҷумла Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ бештар ба назар мерасад.