02:10, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати адлия (25.01.2017)

Масъулини Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ

оид ба натиҷаи соли сипаришуда баён доштанд, ки вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба Вазорат ва сохторҳои он 74 ҳазору 253 мавод ворид гардид. Инчунин кормандони вазорат дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар ин давра ба 3 ҳазору 862 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва 2 ҳазору 727 ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, хулосаи ҳуқуқӣ омода кардаанд. Илова бар ин, аз ҷониби вазорат 3 лоиҳаи қонуни том ва 32 лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳо таҳия карда шудаанд. Иброз гардид, ки идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 472 ҳазору 537 амалиёти нотариалиро ба расмият даровардаанд, ки аз ин фаъолият ба буҷаи далватӣ 38 милиону 218 ҳазору 925 сомонӣ боҷӣ давлати ворид гардид. Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳравандӣ 469 ҳазору 168 аснод, аз ҷумла 72 ҳазору 463 сабти никоҳ, 233 ҳазор 253 таваллуд ва 8 ҳазору 891 бекоркунии ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Масъулин баён доштанд, ки теъдоди зиёди санҷишҳои судӣ ва криминалистӣ, баландбардории тайёрии касбӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳа ва дигар корҳои муҳим ба сомон расонида шудааст. Гуфта шуд, ки дар соли 2016-ум 4 маротиба озмун барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки 89 нафар довталаб соҳиби ҷойӣ кор гардиданд.