07:36, 07 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 26.01.2017

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

26-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи камшиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Шабона дар водиҳо то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гармӣ дар назар аст. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯйӣ мегардад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 10 то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 11 то 16 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе ноҳияҳо бориши барфи камшиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои тағйирёбанда асосан бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 11 дараҷа гарм мешавад.