20:29, 19 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалаб: 1,8 млн нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд

Наздики 1,8 миллион нафар сокинони шаҳри Ҳалаби Сурия

аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Вазъияти мазкур пас аз садама дар истгоҳи обкашонии Ал-Ҳафсӣ, ки дар минтақаҳои зери назорати силоҳбадастон воқеъ гардидааст, ба амал омад. Дар ин бора намояндаи расмии Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик гузориш дод. Тибқи иттилои мавҷуда ҷангиён ба гурӯҳи таъмиргарон иҷозат намедиҳанд, то корҳои барқарорсозиро дар истгоҳ ба роҳ монанд. СММ ва шариконаш бо ёрии кормандони Хадамоти коммуналии шаҳри Ҳалаб обро тариқи зарфҳои махсус барои сокинон дастрас мекунанд. Ҳафтаи гузашта СММ бо мақсади маблағгузории амалиёти башардӯстона дар шаҳри Ҳалаби Сурия 19 миллион доллар ҷудо кард. Шаҳри Ҳалаб моҳи декабри соли 2016-ум аз ҷангиён раҳо гардид. Маблағи ҷудошуда барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа, оби тозаи ошомиданӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харҷ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода мешавад, ки неруҳои ҳарбии Федератсияи Россия давоми як шабонарӯзи ахир майдони беш аз 69,8 гектарро аз минаҳо тоза намуданд. Ҳамчунин дар рафти амалиёт 686 таҷҳизоти тарканда дарёфт ва безаррар карда шудааст. Марказ оид ба ҳалли масъалаҳои сулҳи ҷонибҳои даргир дар Сурия расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба сокинони маҳаллӣ идома медиҳанд. Давоми як шабонарӯзи ахир, ба аҳолии минтақаҳои Ал-Алмаҷ ва Шайх-Мақсуд кумак дастрас гардидааст.