02:43, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ВКД: соли 2016-ум 40 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи бо ном "Давлати исломӣ" пайвастаанд

Соли 2016-ум дар Тоҷикистон 21 ҳазору 756 ҷиноят

ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 171 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин муддат 169 пайрави 34 гурӯҳи муташккил муайян ва дастгир гардидааст. Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки соли гузашта 4 ҳазору 82 ҷинояти махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст. Масъулин иброз доштанд, ки дар соли 2016-ум 40 шаҳрванди Тоҷикистон ба созмони террористии бо ном "Давлати исломӣ" пайвастааст. Тибқи омори пешниҳодшуда соли 2016-ум 22 шаҳрванди кишвар ихтиёран аз сафи гурӯҳи бо ном "Давлати исломӣ" хориҷ шуда, ба ватан баргаштаанд. Дар маҷмӯъ нафароне, ки аз ин созмони террористӣ хориҷ гардида, ба ватан омадаанд, 80 нафарро дар бар мегирад. Масъулини мақомоти милитсия изҳор доштанд, ки бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ нисбат ба солҳои қаблӣ камтар гардидааст. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки мубориза бар зидди нашъаҷаллобон низ ҷонок карда шудааст. Соли гузашта гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва мусодираи он дар қаламрави ҷумҳурӣ дар умум беш аз 3 тоннаву 426 килограммро дар бар мегирад. Аз ин нишондод 1 тоннаву 641 килограммро кормандони мақомоти милитсия аз нашъаҷалобон дарёфт ва мусодира кардаанд.