03:33, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 21.01.2017

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

21-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок шуда, шабона бебориш ва рузона дар ғарби вилоят барфи камшиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 24 то 29 дараҷа ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, шабона бебориш ва рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландиҳои 2 ҳазор метр боридани барф пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо то 5 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, эҳтимолияти боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрнок шуда, эҳтимолияти боридани борону барф пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ гардида, шабона бебориш ва рӯзона дар баъзе ҳолатҳо боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.