02:28, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ ҷиҳати кумак ба сокинони шаҳри Ҳалаб $19 млн ҷудо кард

Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади дастрас намудани кумакҳои навбатӣ

ба сокинони шаҳри Ҳалаби Сурия 19 миллион доллар ҷудо кард. Бошандагони қисми шарқии шаҳри Ҳалаб аз норасоии маводи озуқа ва дигар лавозимоти зарурӣ азият мекашанд. Аксарияти сокинон дар фасли сармо ба манзилҳои истиқоматии харобшудаашон баргаштаанд, ки аз одитарин шароити зист маҳруманд. Маблағ аз хазинаи махсуси башардӯстона оид ба Сурия ҷудо карда мешавад. Соли 2016-ум аз хазинаи мазкур 46 миллион доллар барои татбиқи барномаҳо дар самти дастрасии кумак ба сокинон дар Сурия ихтисос ёфта буд. Дар маҷмӯъ соли 2016-ум Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои дигари кумакрасон дар барномаи кумаки башардӯстона барои сокинони шаҳри Ҳалаб беш аз 220 миллион доллар харҷ кардаанд. Шаҳри Ҳалаб дар қисми шимолии Сурия ҷойгир буда, моҳи декабри соли 2016-ум пурра аз дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст раҳо гардид.