07:04, 07 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сардии ҳаво аз Аврупо ба қораи Африқо расид

Сардии ҳаво аз Аврупо то ба қораи Африқо расид.

Дар як қатор минтақаҳои Тунис ва Ҷумҳурии Деморатии Алҷазоир бориши барф ба қайд гирифта шуд. Дар ин кишварҳо кормандони Хадамоти коммуналӣ имкони саривақт тоза кардани барфтӯдаҳоро надоранд. Дар ин иртибот ҳаракати воситаҳои наклиёт дар роҳу ҷодаҳо қатъ карда шудааст. Дар Тунис ин ҳолат ба марги 8 нафар сабаб гардид. Ҳавосанҷон идомаи сардиро дар кишвар пешгӯйӣ мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо то ба 7 дараҷаи зери сифр расидани ҳаво истисно намешавад. Аз сокинон даъват шудааст, ки бидуни зарурат тарки манзил накунанд. Барои баъзе минтақаҳои Тунис ва Ҷумҳурии Демократии Алҷазоир чунин барфу сардӣ ғайримуқарарист. Дар баъзе манотиқ баландии қабати барф то ба 40 сантиметр расидааст. Аз ҳолати ба миён омада сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ бештар ранҷ мебаранд.