02:55, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Арманистон дамои ҳаво хеле сард аст

Дар Ҷумҳурии Арманистон сардии ҳаво ва фаромадани туман

сокинонро ба мушкилӣ дучор намуд, ки чунин вазъи ҳаво дар ин кишвар як моҳ боз идома дорад. Аз номусоидии вазъи ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкил гардида, садҳо садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи фаромадани туман дидани роҳ мушкил гардида, боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ гардид. Дар роҳҳои нақлиётгард кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ фаъолият намуда, вазъияти ба амаломадаро баратараф мекунанд. Дар пойтахти Арманистон - шаҳри Ереван туман фаромада дар фасли зимистон муддати зиёд боқӣ мемонад. Моҳи декабри соли гузашта сардии ҳаво 20 дараҷаро ташкил дода буд. Обуҳавошиносон иброз медоранд, ки чунин вазъи ҳаво чанд рӯзи дигар идома меёбад. Чунин вазъи ҳаво дар Ереван соли 2008-ум ба қайд гирифта шуда, ки сардии ҳаво 29 дараҷаро ташкил медод.