03:37, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Франсия: барфрезии шадид 3,5 ҳазор хонаро аз истифодаи барқ маҳрум кард

Аз барфрезии шадид дар ҷазираи Корсикаи Франсия

сокинони зиёда аз 3,5 ҳазор хона аз истифодаи неруи барқ маҳрум афтодаанд. Барои таъмир ва барқарор кардани дастгоҳҳои барқтаъминкунанда номусодии вазъи ҳаво ба фаъолияти кормандони техникӣ дар минтақа мушкил пеш овардааст. Дар 12 минтақаи ин кишвар вобаста ба вазъи ногувори ҳаво дараҷаи зарди хатар эълон гардидааст. Марказҳои обуҳавошиносӣ дар бораи эҳтимоли ба амал омадани яхбандӣ, боришоти барф ва мушкил гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо хабар додаанд. Дар натиҷаи барфрезӣ ва яхбандӣ дар роҳҳо дар минтақаи Луараи қисми шарқии Франсия садамаи нақлиётӣ ба амал омад, ки ҷони ду касро аз байн бурд. Дар Корсикаи Болоӣ давоми чанд рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯйӣ гардидааст.