03:34, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Пардохти нафақаи 533 000 нафақагир тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст

Соли 2016-ум ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 2 миллиарду

136 миллион сомонӣ ворид гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 миллион сомониро ташкил дод. Роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳукрӣ беш аз 643 ҳазор нафарро ташкил мекунад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 466 нафар бештар мебошад. Аз ин нишондод 144 ҳазору 622 нафарашон гирандагони нафақаи маъюбӣ гуфта мешавад. Таъкид гардид, ки баробари ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷараёни пардохти нафақаҳо беҳтар гардида, ба боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият замина фароҳам шуд. Зикр рафт, ки пардохти нафақаи 533 ҳазор нафар нафақагир дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 147,8 миллион сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст. Агентиии мазкур соли 2017-ум низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро асоси фаъолияти худ қарор дода, барои татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишудаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба нафақагирон пардохти саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.