03:36, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Камия Мобли баъди 18 сол волидони аслиашро дид

Камия Мобли, ки аз таваллудхонаи шаҳри Ҷекесонвилли штати Флоридаи

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби Глория Уилямс рабуда шуда буд, пас аз 18 сол дар штати Калифорния пайдо гардид. Номбурда бо исми дигар дар оилаи бегона истиқомат мекардааст. Камия Мобли аз хонаводаи аслиаш бехабар буда, бо зани 51-сола Глория Уилямс умр ба сар мебурд. Аз хабари дарёфти Мобли волидайнаш шод шуда, бо ӯ вохӯрданд. Айни замон Глория Уилямс дастгир шуда, нисбт ба ӯ айбнома бо ҷурми одамрабоӣ боз карда шудааст. Тибқи маълумот Глория Уилямс Моблиро пас аз чанд соати таваллуд шуданаш аз беморхона рабудааст.