11:49, 27 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сардии ҳаво дар Чин ба 20 дараҷа баробар шуд

Қисми ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чинро барфрезӣ ва сардии шадид фаро печидааст.

Бино ба иттилои мутахассисони марказҳои обуҳавошиносии ин кишвар сардии ҳаво ба 20 дараҷа баробар шудааст. Барфрезӣ торафт шиддат гирифта, ба ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт мушкил пеш овардааст. Аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми ба берун баромадан эҳтиёткор бошанд. Кормандони ниҳоди марбута бо мақсади рафъи оқибатҳои барфрезӣ ва пешгирӣ аз ҳаргуна ҳодисаҳои нохуш ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.