21:23, 25 Январи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 22.01.2016

Бо такя ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар

иттилоъ медиҳем, ки 22-юми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 24 то 29 дараҷа ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда бебориш ба кайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона то 2 дараҷа хунук ва рӯзона аз 15 то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд.