12:56, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эбола аз Серра-Леоне рафтан намехоҳад

Ҳукуматдорони Серра-Леоне дар хусуси хуруҷи навбатии

бемории марговари Эбола ва мубталошавии одамон ба он иттилоъ доданд. Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли сипаришуда хуруҷи вируси Эбола дар ин кишвари Африқоӣ қатъ ва ба муддати 90 рӯз маниторинги тиббӣ эълон гардида буд. Тибқи иттилои Вазорати тадурустии Сйерра-Леоне ин навбат зани 38 солаи кишвар гирифтори вируси Эбола шудааст. Қаблан ин зан ба нигоҳубини шахси гирифтори бемории мазкур машғул буд. Як ҳафта қабл низ ҳукуматдорон дар хусуси мубталошавии одамон ба табларзаи Эбола изҳорот дода буданд. Айни ҳол ҳукуматдорон дар натиҷаи андешидани чораҳои бехатарию эҳтиётӣ, 109 нафарро дар ҳолати инзивоъ нигоҳ медоранд.