08:33, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 16.01.2016

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

16-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона аз 8 то 13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 18 то 23 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба кайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокии он дар баъзе ноҳияҳо аз 12 то 17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 05 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва асосан бебориш, дар охири рӯз боридани борон ва барф пешбинӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дарача хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 02 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд.