08:12, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Раҳимзода Рамазон аз Маркази таълимиву фароғатии ВКД дар мавзеи «Обшорон» дидан кард

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд аз вазъи зимистонгузаронии Маркази таълимиву фароғатии ВКД ҶТ дар мавзеи «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳристон дидан кард. Шароити зимистонаи Маркази мазкур ва машғулиятҳои мавсими зимистонаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хуб ба роҳ монда шуда, таълим дар самтҳои бехатарӣ ҳангоми хизматбарӣ, сайқал додани омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва аз худ намудани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти хизматӣ равона карда шудаанд. Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид зикр кард, ки воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ин машғулиятҳо имконият пайдо мекунанд, ки унсурҳои назариявию амалиявиро дар як вақт аз худ намуда, ҳам ба таълим ва ҳам истироҳату фароғат фаро гирифта шаванд.