09:42, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 15.01.2016

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

15-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барфи камшиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 18 то 23 дараҷа ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда ба кайд гирифта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда бо дарназардошти боридани барфи камшиддат дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дарача хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи камшиддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо то 5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе бошад ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.