08:23, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

АИ: Дастоварди олимони соҳаи химия барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ

Таҳқиқот дар соҳаи математика дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда,

доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд”,-гуфт президенти академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 14 январ зимни нишастӣ матбуотӣ. Бино ба гуфтаи Ф. Раҳимӣ, тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ шуданд. Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян — моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд. «Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи манбаъҳои маъданҳосилкунанда ва таъсири онҳо ба ташаккули конҳои бузурги маъданӣ, ки ба равандҳои мантийӣ алоқаманданд, маълумоти нав ба даст оварданд. Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология таҳқиқи усулҳои ҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври таъҷилӣ пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи оби дарёи Вахшро идома доданд»,-илова намуд президенти АИ.