09:00, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 14.01.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

14-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 05 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 8 то 13 дараҷа ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда бебориш ба кайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 05 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дарача хунук то 6 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 05 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дарача хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо 05 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона 05 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд.