09:17, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 12.01.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

12-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа хунук ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон низ ҳаво тағирёбанда шуда, шабона борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ гузариш бо ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Гармии ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 05 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Рӯзона асосан бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 то дараҷа гарм ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Рӯзона асосан бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шабона борон ва барф меборад. Рӯзона асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.