09:03, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Марк Сукерберг барои худ AI-ёвар таҳия мекунад

Марк Сукерберг на танҳо ба ҳайси таъсисдиҳандаи маъруфтарин

шабакаи иҷтимоии интернетии (Facebook) дар ҷаҳон шинохта мешавад, балки вай ҳамчун инсон ҳар сол назди худ мақсаде мегузорад ва кӯшиш мекунад ба ҳадафаш бирасад. Марк пеши худ мақсад гузошт, ки бояд забони чиноиро омӯзад ва ҳамин тавр ҳам кард. Номбурда дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар як маҷлисгоҳ назди одамони зиёде бидуни кадом нуқсон бо забони чиноӣ озодона суханронӣ намуд. Марк дар соли 2016-ум низ тарки одат ва мақсадҳои наваш намекунад. Ӯ ба қароре омад, ки имсол барои худ AI-ёвар таҳия намояд. AI-ёвар на танҳо дар идораи хонаи ҳушманд ба Марк кумак мерасонад, балки имкон дорад дар дафтари кориаш соҳибкоронро дастгирӣ кунад. Барои ихтироъ ва истеҳсоли AI-ёвари зеҳнии сунъӣ Марк садҳо олимон ва ширкатҳои азимро аз тамоми ҷаҳон машғули кор кардааст. Марк мехоҳад кореро анҷом бидиҳад, ки то имрӯз касе ҳатто дар фикраш набуд. «Аввал мехоҳам тамоми технологияи муосири мавҷударо омӯзам. Таҳияи AI-ёвар барои идора кардани мусиқӣ, назорат кардан ба равшаниву ҳарорати хона ва ғайра муҳим аст. Ёрдамчӣ бояд муайян карда тавонад, ки назди соҳибмулкаш меҳмон омадааст. Баъди шинохти чеҳраи меҳмон бояд дарро боз кунад ва онҳоро назди ман орад. Илова бар ин AI-ёвар ба нигоҳубини духтарчаи навзодам машғул шуда, ҳамчунин вақти ҷалби диққати волидайнро ба тифл муайян намояд» - мегӯяд Марк. Вақте ҳамсари Марк дар хона набошад, вай дӯст медоштааст, ки ҳавои манзил сардтар бошад. Барои ҳамин, Марк мехоҳад ёрдамчиаш дар салқин нигоҳ доштани ҳуҷраи кориаш, бидуни кадом фармони овозӣ саҳмгузор бошад. Тааҷҷубовараш ин аст, ки Марк нақша дорад баданаи AI-ёварро барои навиштани кадом як ёддошт барои фаромӯш накардан, истифода барад.