08:12, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 10.01.2016

Аз рӯйи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар,

10-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво абрноки асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрноки камбориш ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда бо дарназардошти боридани борони камшиддат пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрноки асосан бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво абрнок шуда, борони камшиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 3 то 5 дараҷа ва рӯзона аз 14 то 16 дараҷа гарм хоҳад шуд.