09:23, 18 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Академияи илмҳо

Роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ фаолияти Академияро дар соли 2015 назаррас арзёбӣ намуданд. Ба иттилои масъулон дар ин давра муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 65 мавзӯи илмиву таҳқиқотии бунёдӣ ва 40 мавзӯи амалӣ таҳқиқот анҷом додаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҳазору 475 корҳои илмӣ, аз ҷумла 133 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, 1 ҳазору 342 мақолаи илмӣ ба табъ расонида шудааст. Ҳамчунин 14 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 3 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди вазорати Рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабти моликияти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд. Соли сипаригардида аз тарафи муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 симпозиум ва 13 конфронси байналмилалӣ гузаронида шудааст.