03:27, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 05.01.2016

Аз рӯйи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар,

5-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 18 то 23 дараҷа ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда бо дарназардошти боридани борону барфи камшиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе минтакаҳо бориши борону барфи камшиддат пешбинӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 05 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 02 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.