03:35, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Туҳфаҳои солинавӣ ба ронандагоне, ки қоидавайронкунӣ накардаанд

Дар рӯзи охири соли 2015, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон чорабинии мақсаднок доир карда шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ба соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки дар тӯли сол ба қоидавайронкунӣ роҳ надодаанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони кишвар, аз он ҷумла, ронандагон ва пиёдагардонро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо роҳи сафеду бехатарро таманно менамояд.